Соҳибони бозорҳои Русия алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ: Тағйироти нав дар қонун

Аз нимаи моҳи ноябр дар Русия меъёрҳои ҷадиди қонунгузорӣ мавриди амал қарор мегиранд, ки садди фаъолияти муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ кор дар бозорҳои Русия мушкил хоҳад буд, зеро соҳибони марказҳои тиҷоратӣ иҷрои қонунҳои муҳоҷиратро назорат хоҳанд кард.
Бар асоси меъёрҳои ҷадид, моликони бозорҳои чакана барои иҷораи иншооташон ба иҷорагирҳое, ки кори муҳоҷирони ғайриқонуниро истифода мебаранд, масъул хоҳанд буд. Масъулият ҳамчунин ба иҷорадиҳандаҳои иншооти саноатӣ, тиҷоратӣ, дафтари корӣ ва анборҳо низ дахл хоҳад дошт.
Таъкид шудааст, ки чунин муқаррарот дар қонунгузории Русия, 4 ноябри соли 2022 қабул гардида, аз 15 ноябри соли равон эътибор пайдо мекунанд. Аз ҷумла тағйирот ба моддаи 14-и қонун "Дар бораи бозорҳои чакана", инчунин Кодекси меҳнати Русия ворид карда шудаанд.
Перм ҳам нарх патентро барои муҳоҷирон боло мебарад
Тибқи тағйироти нав, соҳибони бозорҳо, хоҳ шахсони ҳуқуқӣ бошанд хоҳ соҳибкорони инфиродӣ, барои додани биноҳои тиҷоратӣ ба иҷорагироне аз қувваи кории муҳоҷирони ғайриқонунӣ истифода мебаранд, пурра масъуланд.
Вазорати корҳои дохилии Русия истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишварро пешниҳод кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, тарҳи мазкур дар доираи ислоҳоти соҳаи муҳоҷирати Русия таҳия шудааст.
Дар доираи ислоҳот аз ҷумла таъкид гардидааст, ки фановариҳои ҷадид барои ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ба таври васеъ кор бурда шаванд.