ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Русия ҷонибдорияшро аз сиёсӣ накардани масоили энергетикӣ бори дигар таъкид намуд, изҳор дошт вазири умури хориҷии ФР, Сергей Лавров дар ҳошияи ҷаласаи "Бистгонаи бузург".
Лавров дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои "Бистгонаи бузург" дар Бали гуфт, масъалаҳои энергетикӣ набояд дар ҳисоббаробаркуниҳои сиёсӣ истифода бурда шавад, ҳамон тавре ки давлатҳои аврупоӣ мекунанд.
Ӯ бо такя ба як пажуҳиш афзуд, ки иқдоми Иттиҳоди Аврупо барои таъмини амнияти энергетикӣ, буҳрони энержӣ дар кишварҳои рӯй ба тараққиро шиддат бахшидааст.
Маскав дар ин ҳамоиш пешниҳод намуд, ки "Бистгонаи бузург" ба ҳалли масоили мушаххас машғул шаваду муколамаи озод миёни таъминкунандагону истеъмолкунандагони манобеи нерӯро фароҳам орад.
Дар баробари ин Лавров ҷонибдории Русияро аз таҳкими ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ, аз ҷумла барои ҷилавгирӣ зуҳуроти монанд ба пандемияи коронавирус баён дошт.
Вазир дар зимн таъкид намуд, ки бояд ваксиназанӣ бояд дастраси умум бошад, чун дар ҳоли ҳозир фарқият дар ваксинагирӣ миёни кишварҳои мутараққию рӯй ба рушд хеле бузург аст.
Лавров ҳамчунин зарурати ҷилавгирӣ аз инҳисор бозори ҷаҳонии тандурустиро таъкид намуда, хотиррасон намуд, ки маҳз Русия аввалин ваксинаро ихтироъ кард, аммо сабти он ба таври сунъӣ ба таъхир андохта шуд.
Ҳамчунин Русия дар Бали амнияти биологиро ба миён гузошта, аз фаъолияти пажуҳишгоҳҳои низомии ИМА дар даҳҳо кишвари ҷаҳон гуфтаст. Лавров зарурати таъмини шаффофияту назорати ин масъаларо низ таъкид намудаст.