Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Посухи Лавров ба Шолтсу Макрон дар мавриди Украина маълум шуд

Муҳтавои суҳбатҳои кӯтоҳи вазири умури хориҷии Русия бо президенти Фаронса ва садри аъзами Олмон дар ҳошияи саммити "Бистгонаи бузург" дар Бали маълум шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Масъалаи марбути Украина, аз ҷумла сулҳу созиш аз мавзӯи суҳбати вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров бо президенти Фаронса, Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон, Олаф Шолтс будаст.
Дар ин бора худи Лавров зимни посух ба суол дар мавриди ҷонибдорӣ аз Русия дар сатҳи ҷаҳонӣ баён дошт.
Вазир хотиррасон кард, ки ба таҳримҳо алайҳи Русия ба ғайр аз Ғарб ва муттаҳидони наздикаш дигар кишваре пайваст нашудаст.
Ӯ илова намуд, ки бо намояндагони кишварҳои ҷаҳони сеюм низ дар ин бора табодули афкор кард, чун онро сарфи назар кардан ғайриимкон аст, зеро Ғарб масъалаи Украинаро ба ҳар муколама ворид месозад.
"Кишварҳои ҷаҳони сеюм дар ин робита ба ҳалли мусолиматомези қазия даъват доранд. Хостори дастёбии зудтар ба созиш ҳастанд", - гуфт Лавров.
Ба иддаои вазири умури хориҷии Русия ҳама, аз ҷумла онҳо медонанд, ки раванди музокиротро Украина ба таъхир андохта истодааст.
Нишасти матбуотии Сергей Лавров дар саммити G20: видео
Аз ҷумла дар сатҳи қонунгузорӣ бо фармони раисҷмуҳури Украина, Владимир Зеленский музокирот бо Русия мамнуъ шудааст, хотиррасон намуд вазири умури хориҷӣ.

"Ин суол ба мо нест. Маҳз инро зимни суҳбатҳои кӯтоҳ бо президент Макрон ва садри аъзам Шолтс баён доштам", - гуфт Лавров.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки феълан алайҳи Русия дар Украина ҷанги гибридӣ рафта истодааст, ки кишварҳои ғарбӣ дер боз онро омода карданду барангехтанд.
Лавров аз иқдоми нерӯҳои миллатгаро аз ҷумла дар мавриди манъи забони русӣ зикр намуда, илова кард, ки иқдоми Маскав ба ҳимояи сокинони руси Донбасс равона шудааст.