ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Миёни онҳое, ки дар 9 моҳи соли 2022 ба вилояти Амури Русия омадаанд, теъдоди асосиро муҳоҷирон аз Тоҷикистон ташкил медиҳанд, хабар медиҳад Амурстат.
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз аввали сол ба ин минтақа ворид шудаанд, тақрибан 39% ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Пас аз тоҷикон шаҳрвандони Қирғизистон – 23% ва Арманистон – 16% қарор гирифтаанд.
"Дар аксар маворид онҳое, ки аз хориҷа омадаанд, муҳоҷирони кории мавсимӣ ҳастанд", - гуфтанд дар вазорат.
Аҳолии доимии вилояти Амур 767,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз аввали сол теъдоди аҳолӣ 5,4 ҳазор нафар кам шудааст. Коҳиш ба фавт 60% ва хуруҷи муҳоҷирон 40% рабт дода мешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки дар давоми даҳ рӯз ба муҳоҷирони корӣ дар Ёқутистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ироа мешавад.
Машварат аз соати 10-00 то 13.00 дар хонаи ҷамъиятии кӯчаи Курашова 24 гузаронда мешаванд.