ВУХ: Тоҷикистониҳо миёни қурбониёни таркиш дар Истанбул нестанд - видео

Бар асари таркиш дар яке аз кӯчаҳои сайёҳии пиёдагузари пойтахти Туркия 6 кас ба ҳалокат расида, зиёда аз 80 нафари дигар маҷруҳ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Миёни кушташудагону захмиёни таркиш дар шаҳри Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо истинод ба намояндагии дипломатии кишвар дар Туркия хабар дод.
"Баъди гирифтани маълумот дар бораи амали террористӣ дар Истанбул, ВУХ фавран ҳодисаро аз тариқи намояндагии дипломатӣ дар Туркия пайгирӣ намуд. Ба иттилои намояндагӣ, миёни ҳалокшудагону маҷруҳон тоҷикистониён нестанд", - гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Туркия алайҳи курдҳо дар Ироқ амалиёти низомӣ оғоз кард
Маврид ба зикр аст, ки таркиш дар кӯчаи Истиқлоли Истанбул баъди зуҳри 13 ноябр рух дод. Кӯчаи мазкур пиёдагузар буда, миёни сокинони маҳаллию сайёҳон маъруф мебошаду аксаран серодам аст.
Бар асоси иттилои охир, ки аз қавли мақомоти Туркия нашр гардид, таркиш 6 куштаю беш аз 80 маҷруҳ барҷой гузошт.
Додситонии Туркия ин ҳодисаро аллакай чун амали террористӣ арзёбӣ намуда, ба таҳқиқи он оғоз намудаст. Таъкид шудаст, ки сомону афроди дастандаркор ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.
Вазорати умури дохилии Туркия бо такя ба иттилои пешакӣ изҳор дошт, ки иҷрокунандаи бевоситаи ин амал як зан мебошад, ки аллакай боздошт гардидааст. Дар маҷмуъ теъдоди боздоштшудагон бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят ҳудуди 20 нафар арзёбӣ мешавад.