Давлати муфлис: Володин гуфт, Зеленский украиниҳоро аз оянда маҳрум сохт

Феълан мақомоти Украина қариб 58%-и даромади давлатро барои иҷрои уҳдадориҳои қарзӣ сарф мекунанду боз вомҳои нав гирифта истодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский кишварро ғӯтаи қарз кардасту шаҳрвандони онро аз оянда маҳрум намуд, изҳор дошт раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин.
Ҳоло мақомоти Украина 57,9%-и даромади худро барои хидматрасонии ӯҳдадориҳои қарзияшон сарф мекунанд ва маҷбуранд, боз қарзҳои нав бигиранд, навишаст Володин дар саҳифааш дар "Telegram".
"Украина як давлати муфлис аст. Режими Киев кӯшиш мекунад, ки аз ин нагӯяд. Аммо мушкилӣ рӯшан аст. Зеленский шаҳрвандони Украинаро аз оянда маҳрум карда, кишварро ғуломи қарз намуд", - гуфт сиёсатмадор.
Роҳбари Думаи давлатӣ изҳори боварӣ намудаст, ки Украина баъди табаддулоти соли 2014 соҳибихтиёрии худро комилан аз даст дод.
Ба гуфтаи раиси Думаи давлатӣ, буҷаи давлатии Украина “қариб 40% аз ҳисоби қарзҳоҳои хориҷӣ ташаккул меёбад". Вай афзудаст, ки соли оянда, ҳиссаи маблағгузории хориҷӣ 58%-ро ташкил хоҳад дод.
"Украина қодир нест, ки мустақилона ӯҳдадориҳо дар назди шаҳрвандонро - маошу кӯмакпулӣ, нафақа, ҳалли масъалаҳои дигари иҷтимоиро таъмин кунад. Вазъият торафт бадтар мешавад", - хулоса кард сиёсатмадор.
Макрон: бояд ба музокироти Маскаву Киев даст ёфт
Ахиран раиси Кумитаи андози Радаи олӣ - парлумони Украина, Даниил Гетмантсев, гуфт, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ қарзи давлатӣ аз 96,9 млрд доллар ба 105,39 млрд доллар, ё 68%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар афзоиш ёфтааст.
Тибқи пешгӯиҳои Сандуқи Байналмилалии Пул то охири сол сарбории қарз метавонад то 86%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бештар шавад.