Ҷинпин ба Байден роҳ сӯи суботи ҷаҳониро нишон дод

Роҳбари Чин дар мулоқот бо роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Бали интизориҳои ҷаҳониёнро аз ин ду кишвар ва назарашро ба ояндаи дунё баён дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Чин, Сӣ Ҷинпин дар мулоқоташ ба президенти ИМА, Ҷо Байден аз зарурати ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо гуфт, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои мнабаъ, Ҷинпин ва Байден зимни ин мулоқот, ки дар ҳошияи ҳамоиши сарони бистгонаи бузург - G20 дар Бали баргузор шуд, муносиботи ду кишвар ва вазъи ҷаҳониро баррасӣ намуданд.
Ҷинпин бо таъкиди зарурати ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо афзудааст, ки танҳо дар ин сурат метавон ба умеду эътимод ба суботи ҷаҳониро таҳким бахшид.
Ба гуфтаи роҳбари Чин айни ҳол башарият дар чорроҳаи мушкилоти зиёде қарор дорад.
"Инсоният бо чолишҳои бесобиқа рӯбарӯ аст, ҷаҳон дар чорроҳа қарор дорад ва ба куҷо рафтан лозим аст, ин саволест, ки на танҳо мо, балки тамоми кишварҳо сари он фикр мекунанд", - гуфт Ҷинпин.
Ба таъкиди ӯ, ҷаҳон интизор аст, ки Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои худро дуруст идора мекунанд.
"Маҳз ба ҳамин далел мулоқоти мо мавриди таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст", - изҳор дошт Ҷинпин дар хитоб ба Байден.
Вай изҳор доштааст, ки ҳамкорӣ на танҳо миёни ду давлат, балки байни ҳама сурат гирад.
Макрон: бояд ба музокироти Маскаву Киев даст ёфт
Эътимод ба субот дар тамоми ҷаҳону умед, эътидоли глобалӣ, ки дар заминаи ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳосил мешавад, такони ҷиддӣ барои рушди муштарак хоҳад шуд, изҳор дошт Ҷинпин.
Мулоқоти 17-уми Бистгонаи бузург рӯзҳои 15 - 16 ноябр дар Индонезия баргузор мегардад, ки ҳайати Русияро дар он вазири умури хориҷӣ, Сергей Лавров роҳбарӣ мекунад.