Имзои беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ

Дар Форуми минтақавии рушди сайёҳӣ, ки ахиран дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар Форуми минтақавии рушди сайёҳӣ, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, миёни ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст, иттилоъ додааст Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, Эрон ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва экологию солимгардонӣ изҳор намуд.
“Ӯзбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба даҳгонаи кишварҳое дохил мешавад, ки сайёҳонашон бештар ба Тоҷикистон ворид мешаванд”, - хабар додааст Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Зикр гардидааст, ки айни замон ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи боло ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ ба роҳ монда шудаанд.
Маълум шуд, ки дар ҳамоиши сайёҳӣ дар Русия Тоҷикистонро кӣ намояндагӣ мекунад
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон иттилоъ додаст, ки пеш аз оғози кори форум дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик ва имконияти сайёҳию вазъи хизматрасонии ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Қайд карда шудааст, ки раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва ҳайатҳо аз намоишгоҳ дидан намуданд.