ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи коргоҳи ҷадиди дузандагӣ дар ноҳияи Деваштич дар мавриди рушди соҳа ба масъулин супориш дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон барои дӯхти босифати либоси ягонаи мактабию корӣ дастур додааст.
Вай пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи мамлакатро талаб кардааст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон чун кишвари пахтакор зарфияти рушди соҳаи нассоҷӣ бузург арзёбӣ мешавад. Аммо феълан аксари пахтаи Тоҷикистон дар шакли хом содирот мешаваду талаботи кишвар ба маҳсулоти нассоҷӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ аз ҳисоби воридот таъмин мешавад.
Ахиран дар як ҷаласаи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилояту шаҳру ноҳияҳоро барои таъмини пурраи либоси мактабии истеҳсоли худӣ муваззаф намуд.
Вай хост, бо мақсади ҳар чӣ бештар фаъол намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷуда, коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои қатъӣ андешида шавад.
Пештар бо мақсади беҳтар намудани сифати дӯхти либосҳои мактабӣ, "Тоҷикстандарт" якҷо бо вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳурӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, стандарти давлатии ҷадид таҳти унвони "Либоси мактабӣ. Шартҳои техникӣ" роҳандозӣ намуда буд, ки ин бахшро танзим мекунад.