Барфу борон: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳавошиносон дар навоҳии алоҳидаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 7 дараҷа гармӣ, дар Суғд то 13 ва дар Хатлон то 17 дараҷа гармиро пешгӯӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18, дар баъзе минтақаҳо то 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар водиҳо бориш дар назар нест. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм дар назар аст.
Ҳушдори Раҳмон аз афзоиши офатҳо: Ӯ роҳ сӯи ояндаи осударо нишон дод
Дар водиҳои Хатлон баъзан бориши сусти борон дар назар буда, дар доманакӯҳҳо бориши борон ва шабона барф пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм назар аст.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар водиҳо баъзан борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва баъзан борон пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат шабона 2+4 дараҷа ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.