ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Дар тарҳи пешниҳодии раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳолоатҳое мушаххас шудаанд, ки дар сурати рух додани он шаҳрвандии додашуда лағв мегардад.
Бар асоси тарҳи мазкур, ки дар хониши аввал қабул шуду дар Думаи давлатӣ қарор дорад, барои паҳнсозии маълумоти бардурӯғ ва ё бадном кардани Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия аз шаҳрвандӣ ин кишвар маҳрум карда мешавад.
Даъватҳо ба муқобили тамомияти арзии Русия аз аъмоли дигаре арзёбӣ мешавад, ки дар пай маҳрумият аз шаҳрвандии ин кишварр дорад.
Барои сӯиқасд ба ҷони ҳаёти ходими давлатӣ ва даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ низ чунин паёмад мушаххас шудааст.
Таҳқири парчам ва нишони давлатӣ низ маҳрумият аз табааияти Русияро дар пай дорад.
Дар феҳрасти аъмоле, ки барои онҳо маҳрум сохтан аз шаҳрвандии Русия пешниҳод шудааст, ҳамчунин ташкили исёни мусаллаҳона бо мақсади зӯран тағйир додани сохти конститутсионии давлат, вайронкорӣ, шиканҷа, авбошӣ, одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ, ғоратгарӣ ва ғайриқонунӣ гирифтани силоҳ зикр шудаанд.
Дар баробари ин бархе сабукиҳо низ барои гирифтани шаҳрвандии Русия пешниҳод гардидаанд, аз ҷумла зимни ироаи табааият ба наврасон.
Аз ҷумла дар тарҳи пешниҳодӣ талабот барои беш аз 20 тоифаи ашхос ҳангоми қабули онҳо ба шаҳрвандии Русия коҳиш дода шудаст.
Ҳамчунин салоҳиятҳои сарвари давлат барои муайян кардани категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, васеътар хоҳад шуд.