Президенти Тоҷикистон аз ятимон хост, забони русӣ омӯзанд

Суҳбати раисҷумҳури Тоҷикистон бо ятимон дар доираи сафари корияш ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар яке аз марказҳои навбунёд сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази хизматрасонии “Шоҳ”-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконе давъат шуданд, ки аз навозиши волидон маҳрум мондаанд.
Таъкид шудаст, ки наврасону ҷавонони ятим 46 нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 54 каси дигар аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд будаанд.
"Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кул, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, вохӯрӣ намуда, бо оростани дастархони идона ба онҳо тӯҳфаҳои арзишманд тақдим карданд", - омадааст дар иттилоия. .
Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба забони русӣ дар Тоҷикистон гуфт
Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои таҳсили хубу аъло, касбу ҳанаромӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ва кор бо технологияи ҳозиразамон даъват намудаст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон солҳои охир талош дорад, таълими забони русиро дар кишвар таҳким бахшад. Бо ин ҳадаф макотиби нав кушода мешаванду омӯзгорон аз Русия даъват мегарданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон пайваста дар мулоқотҳояш ҷавононро ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ даъват карда, таъкид мекунад, ки зимни қабул ба хизмати давлатӣ авлавият ба онҳо дода мешавад, ки забонҳои хориҷиро баладанд.