Изҳороти муштарак дар Камбоҷа қабул нашуд: Лавров сабабашро гуфт

Вазири умури хориҷии Русия далели қабул нашудани изҳороти муштарак дар ҳамоиши байналмилалии шаҳри Пномпенро ба арзёбиҳои номақбули Ғарб рабт дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ва як қатор кишварҳои ғарбӣ монеи изҳороти муштарак дар пайи натоиҷи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Шарқӣ шуданд.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ дар пайи ҳамоиши байналмилалӣ дар Камбоҷа баён дошт.
Ба иттилои Лавров зимни талоши қабули қарори дастаҷамъона ИМА ва шарикони ғарбияш ба ворид кардани бархе арзёбиҳо дар атрофи Украина пойфишорӣ карданд.
Русия дар интихоботи ИМА пирӯз хоҳад шуд
Вай афзуд, таъкидоти пешниҳоднамуда дар мавриди авзои Украина қобили қабул набуданд ва ин монеаи қабули изҳороти муштарак гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар пойтахти Камбоҷа нишасти сарони кишварҳои Осиёи Шарқӣ баргузор шуд, ки ҳайати Русияро дар он Сергей Лавров раҳбарӣ мекунад.

"Ҳеҷ гуна тасмими дастаҷамъона қабул нашуд, зеро Иёлоти Муттаҳида ва ҳамкорони ғарбии он дар бораи вазъи Украина ва атрофи он ба забони комилан номақбул пофишорӣ карданд", - гуфт Лавров.

Ӯ илова намуд, ки аз ин рӯ, самтҳои ҳамкориҳои минбаъдаи созмон дар баёнияи кишвари мизбон - Камбоҷа инъикос хоҳад ёфт.
Саммити Осиёи Шарқӣ як платформаи муколамаи раҳбарони кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором арзёбь мешавад, ки дар он масъалаҳои танзими сиёсӣ, рушд ва пешбурди ҳамкориҳои амалии байни давлатҳо баррасӣ мегарданд.
Формати мазкур соли 2005 таъсис ёфта, Русия расман ба он дар ҷараёни 5-умин Саммити Осиёи Шарқӣ дар моҳи октябри соли 2010 дар Ханой ҳамроҳ шуд.