ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон асосан бебориш шуда, ҳарорат рӯзона дар пойтахти кишвар то 15 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук дар назар аст.
Вилояти Суғдро низ ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Хатлонро ҳавои камабри бебориш интизор буда, ҳарорат дар водиҳо шабона то 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мерасад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои тағйирёбанда дар пеш буда, баъзан дар водиҳо борону дар навоҳии алоҳидаи куҳӣ барф дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук мерасад.
Дар Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 2+4 дараҷа ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм дар назар аст.