Рустами Эмомалӣ қарори чӣ гуна таҷлил шудани Рӯзи президентро тасвиб кард

Интизор меравад дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳамчунин конфренсияҳои илмӣ-назариявӣ сурат гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе бо тасвиб намудани қароре, нақшаи таҷлил шудани Рӯзи президент дар пойтахтро муайян намуд.
Бар хабари дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, дар робита ба таҷлили ин сана баргузории конференсияиҳои илмӣ-назариявӣ дар назар аст.
Ҳамчунин барои сокинон ва меҳмонони Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ сурат мегиранд. Баргузор шудани мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши китобҳои роҳбари давлат низ дар назар аст.
Демократия, ҳуқуқи инсон ва вазъи ҷаҳон: Паёми Раҳмон ба муносиби Рӯзи Конститутсия
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” баррасӣ ва қабул карданд.
Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи президент таҷлил карда мешавад.