Дар айни замон, хуруҷи микроорганизмҳои хатарнок эҳтимол дорад, мегӯяд микробиолог, коршиноси низомӣ, собиқ узви Комиссияи СММ оид ба силоҳи биологӣ ва кимиёвӣ Игор Никулин.
"Дарвоқеъ, конвенсияи соли 1972 дар бораи манъи таҳия, истеҳсол ва захира кардани силоҳи бактериологӣ (биологӣ) ва токсинӣ ба як эъломияи холис табдил ёфтааст", - гуфт ӯ ба Sputnik.
Дар ҳамин ҳол, таҳқиқоти хатарнок идома дорад, достони коронавирус инро тасдиқ мекунад, афзуд олим.
Дар соли 2014, вақте ки Барак Обама раисиҷумҳур буд, Иёлоти Муттаҳида таҷрибаҳоро дар қаламрави худ мамнӯъ кард ва танҳо ба кишварҳои дигар интиқол дод. Ба гунае, ки танҳо ҳаёти амрикоиҳо муҳим асту, ҳаёти сокинони дигар арзише надорад.
Чаро лабораторияи амрикоӣ як штамми нави COVID-19-ро ба вуҷуд овард? Русия, Чин, Ҳиндустон ва дигар кишварҳое, ки ба амнияти биологӣ манфиатдоранд, бояд кадом созмонро ташкил кунанд?
Посухро аз видео пайдо кунед.