Сабаби нарафтани варзишгарони тоҷик ба қаҳрамонии ҷаҳонии самбо дар Бишкек маълум шуд

Ба далели идомаи баҳсҳои марзӣ миёни ду кишвар, ба варзишгарон тавсия шудааст, ки ба далели амниятӣ аз сафар ба ин мусобиқот худдорӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии самбо, ки дар Бишкек баргузор мешавад, ширкат намекунад.
Ин тасмим дар робита ба муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гирифта шудааст, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи самбои ҷумҳурӣ.
"Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои дахлдор гуфтанд, ки амнияти варзишгарон кафолат дода намешавад. Аз ин рӯ, мо аз сафар худдорӣ кардем", - гуфт Носир Бозоров, сармураббии тими самбои Тоҷикистон.
Гузашта аз ин, худи Бишкек сафари онҳоро ба Қирғизистон якҷониба манъ кардааст. Рӯзҳои 11-13 ноябр дар Бишкек қаҳрамонии ҷаҳонии самбо баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа қавитарин самбистҳои сайёра – намояндагони беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд, хабар медиҳад сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо.
Мусобиқаҳо аз рӯи се намуд – варзиши занона, мардона ва самбои ҷангӣ баргузор мешаванд.
Пирӯзии паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ба хотири Харлампиев
Рӯзҳои 14-16 сентябр дар навоҳии марзии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии дигар рух дод. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвари ҳамсоя аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар кушта, беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Эълони расмӣ: Беш аз 240 сокини мулкии Тоҷикистон аз зарбаи Қирғизистон куштаю маҷруҳ шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ин муноқишаро фалокатбор унвон карданд.