Келин хушдоманашро дар назди набера буғӣ кард: ҳукми ӯ эълон шуд

Ба маҳкумшуда дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дугонаи ӯ кумак кард. Пас аз қатл намудани хушдоман онҳо пулу телефон ва либосашро низ дуздиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон сокини ноҳияи Хуросонро барои содир намудани ҷинояти “одамкушӣ” ва “дуздӣ” ба 18 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон намуд.
Бар хабари дафтари матбуоти прокуратура генералии Тоҷикистон, маҳкумшуда ин ҷиноятро ҳамроҳ бо дугонааш содир намудааст.
Гуфта мешавад, келин бо се фарзанди ноболиғи худ дар хонаи хушдоманаш зиндагӣ мекард. Шавҳари ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.
Бинобар муноқишаҳои мунтазам миёни хушдоману келин охирон қасди аз ҳаёт маҳрум намудани модари шавҳарашро намуд ва ба ин кор дугонаи худро ҷалб намуд.
“Ба дугонааш либоси ҳамсарашро пӯшонду рӯи худро бо шарф баста, нимашаб ба хонаи хоби хушдоман ворид шуданд ва дар назди наберааш ӯро буғӣ карда ба ҳалокат расонданд”, - гуфта мешавад дар хабарнома.
Зимнан, пас аз содир намудани ҷинояти куштор, онҳо ба ҳуҷраи дигари хушдоманаш даромада, аз он ҷо пул, телефон ва ду ҷуфт либоси ӯро дуздиданд.
Ҷазои келин барои қатли хушдоман дар ҳузури кӯдак
Бо ҳукми суд дугонаи ӯ низ ба 17 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон шуд. Феълан назари муттаҳамон ва вакилони дифои онҳо дар ин маврид маълум нест.