ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Харидуфурӯши ҷуфти сомонию рубл дар биржаи Маскав, ки бори аввал аз ҷониби бонки Эсхата амалӣ шуд, минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Як мутахассиси бонки мазкур, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки аллакай як бор аз тариқи биржаи Маскав сомониро ба ивази рубл ба фурӯш гузоштанду дар оянда низ нияти идомаи иқдомро доранд.
Вобаста ба талаботи бозори молиявӣ, дар биржаи Маскав ҷуфти сомонию рубл пешниҳоди харидорон хоҳад шуд, тавзеҳ дод ӯ.
Дар ҳоли ҳозир ба сомонӣ бештар худи корхонаҳои молиявии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, аммо дар оянда дар назар аст, ки таваҷҷуҳи иштирокдорони хориҷии бозори молиявӣ низ ҷалб карда шавад, афзуд мусоҳиб.
Созишномаҳо байни давлатҳо, байни корхонаҳо ва содиркунандагону воридкунандагони мол ба имзо мерасанд ва дар ин раванд ниёз ба сомонӣ низ ба вуҷуд меояд, ки метавон онро аз тариқи биржаи Маскав харидорӣ намуд, илова намуд мутахассис.
Зикр шуд, ки Эсхата аз соли 2016 иштирокдори муомилот дар биржаи Маскав мебошад ва корхонаҳои молиявии дигари Тоҷикистон метавонананд ниёз ба асъор, на танҳо сомонию рубл балки дигар пулҳоро низ аз тариқи платформаи он қонеъ кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки биржаи Маскав муомилот бо ҷуфти арзии сомонӣ - рубли русиро 31 октябр оғоз намуд.
Ин дар ҳолест, ки феълан савдо миёни Русия ва Тоҷикистон асосан бо пулҳои миллӣ сурат гирифта, аксарияти ҳисоббаробаркуниҳо бо пулҳои сомонӣ ва рубл амалӣ мешаванд. Дар ин раванд метавон афзоиши талабот ба сомониро низ дар биржа интизор буд.