Нахустин муомилот бо сомонӣ дар биржаи Маскав анҷом шуд

Биржаи байнибонкии асъории Маскав, ки аз охири моҳи октябр барои муомилоти ҷуфти сомонию рубл иҷозат дод, шоҳиди нахустин муомилот бо ин пулҳо шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Бонки Эсхатаи Тоҷикистон нахустин шуда дар биржаи Маскав муомилот бо ҷуфти сомонӣ ва рублро анҷом дод.
Дар ин бора бонки Эсхата бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки ин нахустин чунин амалиёт дар таърихи биржаи Маскав мебошад.
"Минбаъд тамоми муассисаҳои молиявие, ки ба пойгоҳи асъории бонки Эсхата пайванданд, метавонанд аз рӯи ҷуфти асъори TJS/RUB амалиёт гузаронанду талаботи худро ба муомилоти асъорӣ қонеъ созанд", - омадааст дар иттилоияи бонк.
Маврид ба зикр аст, ки муассисаи мазкур аз соли 2016 иштирокдори муомилот дар биржаи асъор буда, аввалин бонке дар Тоҷикистон шуд, ки бо биржаи Маскав созишномаи ҳамкорӣ баст.
Агар сомонӣ дар биржаи Маскав пайдо мешавад, чӣ мешавад: посухи Вазорати иқтисоди Русия
Маврид ба зикр аст, ки биржаи Маскав муомилот бо ҷуфти арзии сомонӣ - рубли русиро аз соати 07:00-и 31 октябр оғоз намуд.
Савдои биржавии ҷуфти нави асъор имкониятҳои конвертатсияи мустақимро барои бонкҳо, брокерҳо ва мизоҷони онҳо - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ васеъ мекунад. Ин ба иштирокдорони фаъолияти иқтисодии берунӣ низ дахл дорад.
Ин дар ҳолест, ки феълан савдо миёни Русия ва Тоҷикистон асосан бо пулҳои миллӣ сурат гирифта, аксарияти ҳисоббаробаркуниҳо бо пулҳои сомонӣ ва рубл амалӣ мешаванд. Дар ин раванд метавон афзоиши талабот ба сомониро низ дар биржа интизор буд.