Футболбози рус интизориҳояшро аз сабқат бо тими Тоҷикистон баён дошт

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русияро коршиносон ва бозигарони ду кишвар баррасӣ мекунанд, мутахассисон бозии хуб ва тамошобобро интизоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар бозии Русия ва Тоҷикистон бояд сатҳи баланди футбол нишон дода шавад, гуфт собиқ бозигари ССКА-и Маскав Александр Гришин.
Футболбоз инчунин интизориҳояшро аз бозии аввали дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллӣ баён дошт.
"Ман бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русияро ҳатман тамошо мекунам. Муҳимтар аз ҳама, мехоҳам сатҳи хуби футболро бубинам", - изҳор дошт Гришин ба пойгоҳи "Чемпионат.com".
Ёдовар мешавем, ки 17 ноябр футболбозони Русия дар Душанбе бо тими Тоҷикистон ва 20 ноябр дар Тошканд бо тими миллии Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳанд.
Қаблан футболбози шинохтаи тоҷик, Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев интизориҳояшро аз ин бозӣ баён дошта, гуфт, сабқат нахустин маротиба дар таърих аст, ҷолибу беназир хоҳад буд.
Эълони ҳайати мунтахаби Русия алайҳи Тоҷикистон: Далер Кузяев ҳам даъват шуд
"Ба ҳама маълум аст, ки тими миллии мо ҳам қавӣ ҳаст ва имкони нишон додани бозии сазоворро дорад. Аз он ки ин аввалин бозии яккачини кишвар бо Русия аст, ҳама бозигарон талош хоҳанд кард, ки тамоми маҳорати худро сарф намоянд", - афзуд бозигар.
Футболбози тоҷик афзуд, бояд эътироф кард, ки фаворити бозӣ тими Русия аст, вале бачаҳои мо низ ҳунарнамоии сазовор хоҳанд кард ва ин як таҷрибаи хуб низ хоҳад буд.
Ба таъкиди ӯ, бозӣ барои тамошобинон низ ҷолиб хоҳад буд ва 25 ҳазор тамошобине, ки барои дидану ҳаводорӣ аз яккачини кишвар ба майдон меоянд, ба бозигарон нерӯву масъулияти иловагӣ зам хоҳад кард.