ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ҳамаи низомиёни Русия дар вилояти Херсон ба соҳили чапи Днепр гузаронда шуданд, хабар дод Вазорати мудофиаи ФР.
Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкур соати 5-и субҳи 11 ноябр бо вақти Маскав ба анҷом расид.
"Дар соҳили рост ягон таҷҳизоти низомӣ ва аслиҳа боқӣ намондааст. Ҷузъу томҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия хатти дифоъ ва мавқеъҳои аз ҷиҳати муҳандисӣ пешакӣ омодашударо ишғол карданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки гузариш ба соҳили чапи Днепр бидуни талафи кадру техника анҷом дода шуд.
"Оташи тӯпхонаҳои Русия, ҳамлаҳои ҳавоӣ ва истифодаи монеаҳои минакоришуда нерӯҳои Украинаро дар масофаи 30-40 км аз минтақаи гузаргоҳҳо аз болои дарёи Днепр боз дошта шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати мудофиа афзуд, рақиб барои халал ворид кардан ба ҷараёни интиқоли нерӯҳо 5 бор аз маҷмааи HIMARS оташ кушодааст, аммо низоми мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва дастгоҳҳои муборизаи радиоэлектронӣ онҳоро безарар гардондааст.
Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу ахиран бо пешниҳоди фармондеҳи гуруҳҳои муштарак дар минтақаи амалиёти низомӣ, Сергей Суровикин дар мавриди ташкили ҳимояи Херсон дар соҳили чапи Днепр розӣ шуд.
Шойгу зимни ҷаласа бо низомиёни аршад гуфт, барояшон ҳифзи ҳаёти ҳайати шахсӣ аз ҳама муҳим мебошад ва таъкид намуд, ки бояд назорат карда шавад, ки ҳамаи хоҳишмандони мулкӣ аз минтақа кӯчонда шудаанд.