Тоҷикистон имиҷи худро дар рейтингҳои байналмилалӣ боло бурданист

Дар ҷумҳурӣ тасмим гирифтаанд, ки комиссияи махсус таъсис шавад, то ба масъалаҳои арзёбии мавқеи ҷумҳурӣ дар рейтингҳои гуногуни байналмилалӣ мусоидат намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тоҷикистон баҳодиҳии ин кишварро дар рейтингҳои байнулмилалӣ назорат хоҳад кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар.
Барои ин иқдом комиссиям доимии махсус ташкил карда шудааст.
Нахустин ҷаласаи он барои баррасӣ ва арзёбии мавқеъҳои кишвар дар рейтингҳои байналмилалӣ таҳти раёсати муовини аввали нахуствазири кишвар Саид Давлаталӣ дар Душанбе баргузор шуд.
Дар муҳокима роҳбарони вазорату идораҳо, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, суд ва қудратӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодиёт ва бисёр дигарон иштирок доштанд.
"Ҳадаф ва вазифаҳои комиссия, ҳайати он, ҳисобот оид ба рейтингҳои байналмилалӣ ва нақшаи чорабиниҳо баррасӣ шуданд", - гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷӣ.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода дар бораи мавқеи кишвар дар рейтингҳои байналмилалӣ гузориш додааст.
Дар чорабинӣ ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарӣ онлайнӣ ширкат варзиданд.
Рейтинги донишгоҳҳои Тоҷикистон: якум маълум шуд
Ёдовар мешавем, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки ташаккули рейтинги миллӣ ҳамчун низоми арзёбии рушди иқтисодии минтақаҳо масъулияти мақомоти маҳаллиро афзоиш медиҳад.
Чунин корҳо таҷрибаи пешқадами идоракуниро дар сатҳи минтақавӣ густариш бахшида, иштироки шаҳру ноҳияҳо дар ин раванд вазъи фазои соҳибкориро инъикос мекунад.
Дар баробари татбиқи рейтинг, раисҷумҳур инчунин ҳавасмандгардонии минтақаҳо ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ чораҳо андешиданро зарурӣ хонда буд.