ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Сел дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки ахиран ба вуцуъ пайваст хисороти молӣ ва ҷонии зиёде барҷой гузоштааст, иттилоъ додааст хабаргузории Садои Афғон “ОВО”
Тибқи иттилои ин хабаргузорӣ бар асари сел дар манотиқи мухталифи вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон маҳсӯлоти зироатии зиёд аз байн рафта, хонаҳо вайрон шуда ва ҷодаҳову заминҳои кишоварзӣ низ тахриб шудааст.
Аммо мақомоти расмии Афғонистон ҳануз омори дақиқе аз талафоти ҷонӣ ва молӣ бар асари вуқуъи ин сел эълом накардаанд.
Дар ҳамин ҳол манобеъ аз бориши барф дар бархе манотиқи вилояти Бадахшон хабар додаанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо мардуми Афғонистон дар шароити начандон хубе ба сар мебаранд. Буҳрони молӣ ва иқтисодӣ, ки ҳоло дар кишвар вуҷуд дорад ҳукумати феълии инкишвар дар симои толибон наметавонад ба мардуми селзада ин кишвар кумакрасонӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз баромадани низомиёни Амрико гурӯҳи толибон, дар моҳи августи соли 2021 ба қудрат расиданд. Ва ҳоло дар Афғонистон як сол мешавад, ки толибон ҳукумрони ин кишвар мебошанд.