ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат рафт.
Нахуст дар шаҳр президент бинои ҲХДТ-ро ифтитощ карда, бо шароити корӣ дар он шинос шудааст, хабар медиҳад, котиботи раисҷумҳури кишвар.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро ба истифода супоридааст, ки барои 720 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки мактаби нав аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, собиқ хатмкардаи ин муассиса Евгений Мулоқандов сохта шудааст.
"Раванди омӯзиш дар муассисаи таълимӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба роҳ монда шуда, дар бинои нави он 26 нафар ва дар маҷмӯъ дар мактаб 80 омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд", - афзудааст манбаъ.
Ин соҳибкор ҳамзамон гуфтааст, ки дар назди ин муасссаи таълимӣ барои хонандагон китобхона, ошхона, майдончаи варзишӣ ва қасри варзишӣ месозад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин шаҳр бинои Маркази ташхисию табобатии "Ҳоким"-ро ба истифода дод.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дорои 4 ошёна буда, он низ аз ҷониби соҳибкор Эмомалӣ Азимов бунёд гардидааст.
Бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир 40 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ аз хориҷи мамлакат дастрас ва насбу васл гардидааст.
Инчунин марказ дорои озмоишгоҳи замонавӣ мебошад, ки дар он таҳлилҳои гуногун гузаронда мешавад, ки мушкили аҳолии маҳаллиро осонтар мекунад.