ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Деҳқонони тоҷик ҷамъоварии ҳосили тирамоҳиро идома медиҳанд.
То 4 ноябр дар саҳро аллакай зиёда аз 702,5 ҳазор тонна картошка ғундошта шудааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии вазорати кишоварзии кишвар, дар соли ҷорӣ дар майдони беш аз 32,1 ҳазор гектар кишти картошка анҷом дода шуд.
Дар ҳамин ҳол, аллакай аз майдони 30,1 ҳазор гектар картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.
"Ҳаҷми умумии ҷамъоварии картошка 702,5 ҳазор тоннаро ташкил дод", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Тибқи омор, як сокини Тоҷикистон дар як сол бояд 92 кг ҳосили картошка омода кунад.
Сарфи назар аз он, ки меъёр 92 кило аст, хаҷми воқеии истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ ба як кас дар сол ба 130 кило мерасад.
Хамин тавр, эҳтиёҷоти умумии ҷумҳурӣ ба ин навъи маҳсулот ба 1,3 миллион тонна мерасад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон беш аз 1,2 миллион тонна сабзавот ва ҳудуди 216 ҳазор тонна меваҳои гуногун ҷамъоварӣ шудааст.
Пиёз аз ҷиҳати микдор дар байни сабзавот пешсаф аст, ки он 525,8 ҳазор тонна ҷамъ оварда шудааст.
Баъд помидор аст, ки 247,7 ҳазор тонна, сабзӣ 123,8 ҳазор тонна, бодиринг 120 ҳазор тонна ва карам бошад, 46,2 ҳазор тонна гирдоварӣ шудааст..