Аз “майор” то “полковник”: Маълум шуд чанд зани олирутба дар низоми пулис кор мекунад

Дар низоми вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 1500 зан кору фаъолият мекунад, ки тақрибан 50 дарсадаш дорои рутбаҳои махсус ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Мақомоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар мақомот беш аз 1500 нафар кормандон аз ҳисоби занону духтарон фаъолият менамоянд, ки қариб 700 нафари онҳо ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаро ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои вазорат аз теъдоди умумии занҳо 92 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд.
“Бонувони дар ВКД аз сардори шуъбача то муовини садори раёсат фаъолият доранд. Инчунин 456 нафар занон дорои рутбаҳои махсуси ҳайати калони роҳбарикунанда – аз “майор" то рутбаи "полковники милитсия” мебошанд”, - илова кардааст ВКД-и Тоҷикистон.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ аз ин шумора 13 нафарашон дорои рутбаи “полковники милитсия” ҳастанд.
Раҳимзода: Кормандони милитсия дар одобу рафтор ва муоширату муомила бояд намуна бошанд
Ин ниҳоди қудратӣ таъхкид кардааст, ки саҳми кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ арзишманд буда, устуворонаву ҷасурона пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ камари ҳиммат бастаанд.
Қайд карда шудааст, ки бо назардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030" тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз, 10 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мегардад.