Сабукӣ ба муҳоҷирон: Ҳуҷҷатҳоро дар Душанбе супору патентро дар Маскав гир

Фаъолияти “Маркази сершуғли муҳоҷират” ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори муваққатӣ дар шаҳри Маскав ва вилояти он мусоидат хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Намояндагии Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Маскав “Маркази сершуғли муҳоҷират” дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Маркази мазкур ахиран аз сӯйи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ифтитоҳ шуд.
Зикр шудааст, ки ифтитоҳи намояндагии Маркази сершуғли муҳоҷират ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Маскаву Душанбе мусоидат мекунад.
“Фаъолияти ин Намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори муваққатӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он мусоидат намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар қаламрави кишвар бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ба монанди бақайдгирии муҳоҷиратӣ, бокортаъминшавӣ дар шаҳри Маскав ва вилояти онро омода намоянд”, - хабар додааст.
Оверчук баъди гуфтушунид дар Душанбе: Дар бахши муҳоҷират сабукиҳо мешаванд
Иттилоъ дода шудааст, ки намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо идораҳои ваколатдори Тоҷикистон барои ҷустуҷӯ ва интихоби кормандони дорои малака ва тахассуси зарурӣ барои кор дар лоиҳаҳои муҳимтарини шаҳри Маскав як қатор тадбирҳоро амалӣ менамояд.
“Ин имкон медиҳад, ки механизми муассири ҷалб ва ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав таъсис дода шавад”, - зикр кардааст вазорат.
Бояд қайд кард, ки дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират бо мақсади таъмини танзими дурусти ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароит барои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, ки ба манфиатҳои ҳар ду кишвар ҷавобгӯ мебошад, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.