ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Назари худро Генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо генерал Бахтибек Бекболотов, вазири дифои Қирғизистон баён кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Ҳамчунин оқои Боқирӣ дар ин суҳбати телефонӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба равобити мутаъодилу хубе, ки байни ду кишвари Эрону Қирғизистон вуҷӯд дорад, неруҳои мусаллаҳи ин кишвар омодаанд барои тавсеаи ҳамкориҳои дифоӣ дар абъоди мухталифи омӯзишӣ, амалиётӣ ва иттилоотӣ ҳамкорӣ кунанд.
Вазири дифои Қирғизистон низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, иртибототи сиёсӣ байни Эрону Қирғизистонро бар асоси равобит ва эътимоди дуҷониба баён кард.
Вазири дифои Қирғизистон гуфт, ду кишвар тақрибан дар ҳеҷ ҳавзае ихтилоф назар надоранд ва ин иртибототи хуби сиёсӣ байни ду кишвар ояндаи равшанеро эҷод мекунад, ки метавон дар ҳавзаҳои дигар ҳам иртиботу ҳамкории густарда дошта бошем.
Вазири дифои Қирғизистон афзуд, нақши Эрон дар таъмини амнияти минтақа бисёр таъсиргузор аст ва ҳамкории дифоӣ ҳарчӣ бештари ду кишвар бо таваҷҷуҳ ба иттихози тадобир ва тасмимот метавонад барои мубориза бо терроризму ифротигарӣ дар минтақа бисёр ҳоизи аҳаммият бошад.
Дар гуфтугӯи телефонӣ масоили муҳимми минтақа низ баррасӣ шуд.