ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Эрон барои рӯшани андохтан ба қазияи ширкати Субҳон Комронӣ шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, дар ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи Шероз даст доштааст ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷӣ.
Аз ин ниҳод гуфтанд, дар робита ба даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳамала аз ҷониби мақомоти Эрон мактуби расмӣ дастрас нашудааст.
“Баъди пахши хабарҳо дар бораи он ки гӯё яке аз гумонбарони ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Субҳон Комронӣ аст, сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба мақомоти ин кишвар барои рӯшани андохтан ба масъала мактуби расмӣ ирсол намуд ва ҳоло интизори посух аст”, - изҳор доштааст вазорати хориҷа.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расонаи хабарии “ИРНА”, мақомот 26 гумонбарро боздошт кардаанд ва эҳтимол онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ иртибот доштанд ва “ҳамаи онҳо шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд”.
Расонаҳо хабар доданд, ки тирандоз дар зиёратгоҳи Шоҳчароғ шаҳрванди Тоҷикистон бо тахаллуси "Абу Оиша”, будааст.Ӯ дар ҳамла ба ибодатгоҳи шиаёни Эрон 13 касро куштааст.