Дар Душанбе аз корнамоии собиқадорони ҶБВ филмномаҳо сабт мекунанд

Гуруҳи наворбардорон аз Маскав ба пойтахт омаданд: даста дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар ҷойҳо барои эҷоди филмҳо кор мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар Душанбе наворбардории филмҳои мустанад дар бораи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома дорад.
Дар ин бора дар Telegram-канале "Хонаи Русия" дар Тоҷикистон хабар доданд.
Дар пойтахт гуруҳи наворбардории лоиҳаи "Ҷанги ман", ки аз Москва омадааст, кор мекунад. Қахрамонони филмномаҳо — панҷ собиқадор аст.
Мусоҳибаҳо бо онҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Шӯрои собиқадорони шаҳри Душанбе ва ҳамчунин дар хонаҳои собиқадорон баргузор мешавад.
Тоҷикистон даҳумин иштирокчии лоиҳа гардид, ки бо собиқадоронаш сабти филмномаҳо сурат мегирад. Бойгонии видеоӣ бо хотираҳои собиқадорон тӯли 20 сол нигоҳ дошта мешавад.
Ҳунарманди тоҷик дар филми нави ҳаҷвии русӣ нақши асосиро бозидааст: видео
Ба ташаббус имкон дод, ки хотираи қаҳрамонии бештар аз 500 нафар одамон абадӣ гардонда шавад, қайд карданд аз "Хонаи Россия".
Филмҳо дар шабакаҳои телевизионии Русия, дар Осорхонаи Ғалаба дар Маскав ва дар интернет намоиш дода мешаванд.
Ба гуфтаи Борис Вешняк, коргардони кулли ин тарҳ, нусхаҳои филмҳо ба муассисаҳои таълимӣ ва осорхонаҳои кишварҳое, ки дар он ҷо наворбардорӣ сурат мегирад, низ тақдим мешавад.
Ҳар як серия 26 дақиқаро дар бар мегирад. Ҳикояҳои собиқадорон кинохроника ва бозсозии таърихро пурра мекунанд.