ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дар баробари терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумлаи хавфу хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, гуфт Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии ВКД-и Тоҷикистон.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, солимии ҷомеа ва ҳаёти одамон таҳдид менамояд.
“Натиҷаи фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, масъулиятшиносӣ ва малакаи баланди касбии онҳост, ки дар тӯли солҳои сипаригардида садҳо гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дастгир ва аз онҳо ҳазорҳо килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Вай инчунин илова кард, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ВКД, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос ва содиқ ба давлату миллат, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорат ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд.
Илова бар ин, ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии ятимон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эътимод ба давлату миллат тарбия кардани онҳо Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва бо мақсади бо кадрҳои соҳибмаълумот таъмин намудани Хадамоти давлатии оташнишонӣ Коллеҷи оташнишонӣ – техникии вазорат таъсису бунёд гардида, ҳоло дар онҳо садҳо нафар наврасону ҷавонон таҳсил карда истодаанд.