Ҷамъоварии наздик ба 380 ҳазор тонна пахта дар Тоҷикистон

Пахтакорони тоҷик азм доранд, ки соли равон 425 ҳазор тон "тилои сафед" ҷамъ оранд. Феълан ҳосилғундорӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9ноя – Sputnik. Аз оғози маъракаи пахтачинӣ то 4 ноябри соли равон дар Тоҷикистон беш аз 379,3 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии кишвар, имсол қарор буд дар майдони 186 ҳазор гектар пахта кишт шавад, аммо дар асл дар майдони 181 ҳазору 589 гектар кишт гузаронида шуд.
Бештар аз ҳама дар вилояти Хатлон дар 121 ҳазору 741 гектар замин пахта кишт шудааст. Дар вилояти Суғд дар майдони 57 ҳазору 199 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони воқеии кишти пахта 2689 гектарро ташкил медиҳад.
Дар Суғд беш аз 100 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, то 4 ноябри соли ҷорӣ дар кишвар 379 ҳазору 302 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Пахтакорони вилояти Хатлон то санаи муайяншуда 261 ҳазору 165 тонна, дар вилояти Суғд ин рақам 113 ҳазору 41 тонна ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5 ҳазору 96 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар соли равон тибқи гузориши Вазорати кишоварзии кишвар, 425 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.