Имзои санади ҳамкорӣ миёни вазорати адлия ва “Фонди Авруосиё Инк.”

Ёддошти тафоҳуми мазкур бештар ба ҳамкории мутақобил дар тавсиаи равобити дуҷониба барои иҷрои талошҳои муштарк равона шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари намояндаги намояндагии “Фонди Авруосиё Инк.” ёдддошти тафоҳуми ҳамкори имзо карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.
Тибқи иттилои манбаъ, ёддошти тафоҳумро вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва директори намояндагии Фонд Фируз Сатторов ба имзо расониданд.
Таъкид шудааст, ки асоси Ёддошти тафоҳумро ҳамкории тарафайн дар соҳаи рушди муносибатҳои шарикии дутарафа барои татбиқи кӯшишҳои муштараки ҳамоҳангшуда, ки ба инкишофи ҳамкории дарозмуддати конструктивӣ дар соҳаи рушди ҷомеа ва устуворгардонии иқтидори Вазорати адлияи Тоҷикистон мусоидат мекунанд, ташкил медиҳад.
Имзои санади ҳамкорӣ: Эрону Тоҷикистон пажуҳишҳои муштарак мегузаронанд
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур ин ифтитоҳи якҷояи раванди навсозӣ ва муносибгардонии заминаи техникии мутамаркази системаи иттилоотии ҳуқуқии “Адлия” ва таъмини минбаъдаи дастрасии ройгон ва озод ба он барои тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятии амалкунандаи Тоҷикистон мебошад.
Зикр гардидааст, ки сандаи мазкур ба ташаккули шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва таъмини дастрасии саривақтии онҳо ба иттилооти ҳуқуқии мубрам, аз ҷумла тавассути замимаи мобилӣ, мусоидат мекунад.