Дар Душанбе ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия марбут ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Дар пойтахти кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия марбут ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайатҳои ҷонибҳоро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук роҳбарӣ мекунанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар 8 моҳ нисбат ба соли 2021 беш аз 22% афзоиш ёфтааст.
Зарурати афзоиши интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия баррасӣ шуд
Гардиши коло ба 922,6 миллион доллар расид, ки ин нишон медиҳад, равобити тиҷории кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Бояд гуфт, ки дар соли 2021 гардиши мол нисбат ба соли 2020 қариб 45% афзоиш ёфта, ба ҳисоби доллар ба 1,2 млрд расида буд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон давоми 9 моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 5,5 млрд доллар савдои хориҷӣ анҷом додаст.
Аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон ба воридот 3,7 млрд доллар ва содирот 1,6 млрд доллар рост меояд, иттилоъ дод хабаргузории "Авесто".
Таъкид шудааст, ки савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар қиёс бо нуҳмоҳаи аввали соли гузашта 18,8% зиёд мебошад. Содироту воридоти мол ба кишвар имсол нисбати 9 моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 857 млн доллар афзоиш ёфтааст.