ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки то охири моҳи ноябр кишти тирамоҳи ба анҷом расонида шавад, иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ.
Тибқи иттилои вазорат дар соли равон дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 172 ҳазор гектар кишт гузаронида мешавад.
Ин ниҳоди давлатӣ хабар додаааст, ки аз нақшаи умумии кишти тирамоҳӣ беш аз 157 ҳазор гектарро зироати ғалладонагӣ ташкил медиҳад.
“Инчунин дар майдони беш аз 15 ҳазор гектар дигар намуди сабзавоти барвақтӣ кишт гардид, ки ҳосили аввали барвақтии соли 2023-ро ташкил медиҳанд”, мегӯяд вазорати кишварзӣ.
Вазорат қайд кардааст, ки қисми зиёди заминҳо барои ҳосили аввали соли оянда, яъне барои кишти зироати ғалладона омода карда шуда, баъдан кишти сабзавоти гуногун дар назар аст.
Таъкид шудааст, ки барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва танзими нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироати кишоварзӣ фаъолона идома дорад.
Ҷамъоварии ҳосили иловагӣ имконияти содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро низ афзоиш медиҳад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то охири моҳи октябр деҳқонони ҷумҳурӣ 38 фоизи нақшаро иҷро карданд.
Инчунин бояд гуфт, ки дар мавсими имсола аз саҳро бештар сабзавот (зиёда аз 1,2 миллион тонна) ва якчанд маротима камтар мева (216 ҳазор тонна) гирифта шуд. Соли равон дар майдони умумии зиёда аз 38,4 ҳазор гектар сабзавот парвариш карда шуд. Дар айни замон аз майдони 37,5 ҳазор гектар ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ гардид.