ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда хавфи баландшавии сатҳи об боқӣ мемонад, иттилоъ додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона то 8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз то 13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 9 дараҷа гарм, рӯзона то 10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борону барф ва дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 6 дараҷа гарм, рӯзона то 16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 9 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок дар назар буда, бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад.
Аммо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат ба амал омада, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа гарм ва рӯзона то 14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 8 дараҷа хунук, рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барфи тар ба амал меояд. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.