ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Палатаи ҳисоб иттилоъ додааст, ки давоми нӯҳ моҳи соли равон дар кишвар 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Сардори раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб Валимат Мавлонзода мегӯяд барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 26 хулосаю мактубҳои иттилоотӣ бо 1367 тавсияи судманд ирсол шудааст.
Вай гуфт, аз баррасии онҳо 25 қарору фармоиш қабул гардидааст.
“Ҳамзамон 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд, аз ҷумла 11 нафар, аз вазифаи ишғолнамудаашон озод шуданд”, - гуфт Валимат Мавлонзода
Палатаи ҳисоб таъкид кардааст, ки дар доираи ваколати худ дар бораи натиҷаҳои чорабиниҳои аудиторӣ тавсияҳои судмандро барои бартарафсозии қоидавайронкуниҳои молиявӣ пешниҳод менамоянд.
Палатаи ҳисоб қайд кардааст, ки тамоми ин амалҳоро бо мақсади пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ равона намудааст.