Раҳмон: Офатҳо ба Тоҷикистон садҳо миллион доллар зарару талафоти ҷонӣ меоранд

Тоҷикистон, ки аксари қаламравашро куҳҳо ташкил медиҳанд, дар баробари офатҳои табиию тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир арзёбӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя— Sputnik. Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисоди Тоҷикистон садҳо миллион доллар хисорот ворид мекунанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ҳамоиши байналмилалӣ дар масоили тағйирёбии иқлим дар Миср баён дошт. Вай афзуд, ки офатҳо дар Тоҷикистон дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.
Президенти Тоҷикистон аз ҷумла сар задани офатҳои фоҷиаборро марбути паёмадҳои тағйирёбии иқлим донист. Тоҷикистон бо 93%-и ҳудуди куҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад, афзуд ӯ.
"Хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад", - таъкид намуд Раҳмон.
Мошинҳои барқию кабудизоркунӣ: Раҳмон аз талошҳо барои ҳавои тоза дар Тоҷикистон гуфт
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030 ва як қатор санадҳои дигарро қабул намуда, дар ин самт чораандешӣ дорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, Рустам Назарзода ахиран гуфт, дар давоми 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 606 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст.
Раиси КҲФ-и кишвар таъкид кард, ки бар асари офатҳои табиӣ ҳашт нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи ӯ ҳамчунин, 88 бинои истиқоматӣ, 179 бинои ёрирасон, як мактабу кӯдакистон, 17 пул, 107 гектар замини корам, 298 километр роҳ осеб дидааст.
Маблағи хисороти расида аз офатҳои табиӣ, ба гуфтаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар шаш моҳ 15 млн сомониро ташкил додааст.