Ду муштзани тоҷик дар нимфинали чемпионати Осиё

Дар давраҳои муқаддамотӣ ва чорякфинали чемпионати Осиё дар риштаи бокс 2 варзишгари тоҷикистонӣ баранда шуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Ду муштзани Тоҷикистон - Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило ба нимфинали қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтанд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони Урдун ҷараён дорад.
Таъкид гардид, ки Баҳодур Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Кувайт Нодир Бадрон пирӯз шуд.
Усмонов дар даври дуюм намояндаи Тайланд Сомчай Вонгсуван, дар чорякфинал варзишгари Туркманистон Хурсанд Имонқулиевро шикаст дод. Муштзани тоҷик дар нимфинал, ки 10 ноябр дар назар аст, бар варзишгари Ҳиндустон Шива Тапа вомехӯрад.
Муштзани дигари тоҷик, Муҳаммад Аброриддинов сабқатро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Сурия Муҳаммад Млайес пирӯз гардид. Ҳарифаш дар нимфинал, ки 10 ноябр дар назар аст, намояндаи Қазоқистон Камчибек Конкабаев хоҳад буд.
Эълони ҳайати мунтахаби Русия алайҳи Тоҷикистон: Далер Кузяев ҳам даъват шуд
Кумитаи миллии олимпӣ зикр намудаст, ки намояндаҳои дигари тими Тоҷикистон - Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг) дар чорякфинал аз варзишгари Ҷопон Намики Тсукими, Миҷгона Самадова (-57кг) дар даври аввал аз намояндаи Тайпей Ю-Тинг Лин шикаст хӯрданд.
Шоира Зулқайнарова (-60кг) пас аз ғалаба бар варзишгари Ҷопон Танака Ринка дар даври аввал, дар даври дуюм ба намояндаи Тайпей Шин-Йӣ Ву бохт.
Хусравхон Раҳимов (-57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз варзишгари Тайпей Ченг-Вей Ли, Абдумалик Болтаев (-75кг) пас аз пирӯзӣ бар намояндаи Сурия Аҳмад Ғоссон, дар даври дуюм аз варзишгари Ӯзбекистон Саидҷамшид Ҷаъфаров, шикаст хӯрданд.
Шаббос Негматуллоев (-80кг) дар даври аввали зӯрозмоӣ ба намояндаи Ҳиндустон Лакша Чаҳар, Наврӯз Ҷафоев (-86кг) дар чорякфинал ба намояндаи Қазоқистон Сагиндик Тогамбай ва Давлат Болтаев (-92кг) дар чорякфинал ба варзишгари Урдун Аҳмад Сулаймон зӯрозмоиро бохт.