Роҳандозии маҳдудиятҳо дар масири Душанбе - Чаноқ

Намояндагии ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз роҳандозии маҳдудиятҳо дар ин масир хабар додаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҳаракати мошинҳои калони борбар - "фура"-ҳо дар роҳи Душанбе - Чаноқ маҳдуд шудааст, хабар дод ширкати IRS.
Ин ширкат бо нашри як иттилоия гуфт, роҳи Душанбе - Чаноқ барои ҳаракати нақлиёт, ба истиснои "фура" ва автомобилҳои боркаши ядакдор кушода мебошад.
Таъкид шудааст, ки маҳдудиятҳо барои мошинҳои боркаши вазнин муваққатан ҷорӣ гардидаанд. Феълан корҳо барои поксозии роҳ идома доранд, гузориш додаст ширкат.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи қабл низ дар пайи боридани барфи зиёд равуо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил шуд ва даҳҳо мошин дар дохили нақб дармонданд. Мусофирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доштанд, ки даҳҳо мошин дар наздикии нақби "Истиқлол" ҷамъ шудаанд.
Барфрезӣ мешавад: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Бархе аз ронандаҳо гила кардаанд, ки чанд соат дар дохили нақб дармонданд ва ғизои кофӣ надоранд. Масъулини ширкати IRS гуфтанд, дармондани мусофирон дар роҳ зиёд тӯл накашидааст ва онҳо талош карданд роҳро боз кунанд.
Дар ҳамин ҳол ширкат таъкид кардааст, ки “маҳз риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ба ҷо наовардани эҳтироми ҳамдигар аз ҷониби баъзе ронандагон", боиси танбашавӣ мегардад.
Ҳамасола бо шуруи фасли зимистон равуо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил мешавад. Ин масир феълан ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати IRS аст.