Эълони ҳайати мунтахаби Русия алайҳи Тоҷикистон: Далер Кузяев ҳам даъват шуд

Рӯйхати ниҳоии бозигарони тими миллии Русия барои анҷоми бозиҳои дӯстона дар нимаи дуюми моҳи ноябр бо Тоҷикистону Ӯзбекистон муайян шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ситоди мураббиёни Русия феҳрасти 30 футболбози тими мунтахабро нашр кард, ки барои бозии дӯстона дар моҳи ноябр ҷалб мешаванд.
Дарвозабонҳои даъватшуда Антон Шунин аз "Динамо"-и Маскав, Александр Селихов аз "Спартак"-и Маскав, Матвей Сафонов аз "Краснодар", Сергей Песяков аз "Ростов" мебошанд.
Дар феҳрасти ҳимоятгарон Вячеслав Караваев аз "Зенит", Санкт-Петербург, Даниил Хлусевич, Георгий Жикиа, Руслан Литвинов ҳама аз "Спартак"-и Маскав, Максим Осипенко, Александр Силянов аз "Ростов", Артём Макарчук аз "Сочи", Иля Агапов аз "Пари НН" ва Александр Солдатенков аз "Криля Советов"-и Самара даъват шуданд.
Даҳ голи футболбозони тоҷик ба дарвозаи Русия: Пирӯзии дастаи футзали Тоҷикистон
Нимҳимоятгарон Дмитрий Баринов, Артём Карпукас, Антон Миранчук аз "Локомотив", Данил Глебов, Даниил Уткин аз "Ростов", Далер Кузяев, Андрей Мостовой аз "Зенит", Никита Кривтсов аз "Краснодар", Сергей Пиняев аз "Криля Советов", Даниил Фомин, Арсен Захарян аз "Динамо", Антон Зинковский аз "Спартак" ва Лечи Садулаев аз "Ахмат" мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз бозигарони даъватшудаи мунтахаби Русия - Далер Кузяев писари Адҳам ва набераи Кабир Кузяевҳо, аз футболбозони Тоҷикистони шӯравӣ мебошад. Бобояш дар дастаи “Энергетик”-и Душанбе ва падараш дар тими “Шодмон” ва “Вахш”-и Тоҷикистон бозӣ кардаанд.
Ҳамлагароне, ки алайҳи тимҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон даъват шудаанд, Фёдор Чалов аз ССКА, Николай Комличенко аз "Ростов", Александр Соболев аз "Спартак" ва Владимир Сичевой аз "Оренбург" мебошад.
Бозии дӯстонаи мунтахаби Русия таҳти роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин бо тимҳои миллии Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр дар Душанбе ва бо Ӯзбекистон 20 ноябр дар назар аст.