ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Фармондеҳи артиши Эрон Абдулраҳим Мусавӣ ахиран гуфт, нооромиҳо дар Эрон бахше аз тарҳи Амрико барои аз байн бурдани музокирот барои барқарории барномаи ҷомеаи иқдоми муштарак (БАРҶОМ ё "созишномаи ҳастаӣ) буд.
Ба нақл аз хабаргузории IRIB, оқои Мӯсавӣ гуфтааст: "Норомиҳои ахир дар Эрон бахше аз талошҳои Амрико барои халалдор кардани музокироти Вена (дар бораи БАРҶОМ) буд".
Ёдовар мешавем, ки якуним моҳ боз дар Эрон ошӯбҳо идома доранд, ки дар нимаи моҳи сентябр дар пайи марги Маҳсо Аминӣ зани ҷавони эронӣ пас аз боздошташ аз сӯи пулис оғоз ёфт. Эътирозҳо ва ошӯбҳо асосан дар вилоятҳои Гилон, Хузистон, Сиистону Балуҷистон, Теҳрон ва Курдистон сурат мегиранд.
Мақомоти Эрон кишварҳои ғарбиро дар пуштибонӣ аз эътирозгарон муттаҳам мекунанд, ки ва мегӯяд онҳо дар расонаҳои худ паёмҳои дорои хусусияти тахрибкорона, зиддиэронӣ ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии қудрат дар Эронро паҳн мекунанд.
Тазоҳургарон ба таври муназзам ба кормандони нерӯҳои амниятӣ - полис, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, инчунин аъзои яке аз сохторҳои асосии низомии он - Басиҷ ҳамла мекунанд.