ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин тақозо кард, ки ба вазъи коронавирус таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад, чунки он ба як бемории мавсимӣ табдил ёфтааст.
"Ба ҳар ҳол, мо бояд рӯи он кор кунем, таваҷҷуҳро ба ин масъалаҳо кам накунем, зеро чуноне ки коршиносон мегӯянд, ин беморӣ хусусияти мавсимӣ пайдо кардааст", - гуфт ӯ дар мулоқот бо фармондори вилояти Твер Игор Руденя.
Путин ба изҳороти раиси вилоят, ки мавзӯи ковид аллакай "амалан баста шудааст" чунин вокуниш нишон дод.
Ба гуфтаи фармондор, дар минтақа ҳамагӣ 30 нафар гирифтори коронавирус ҳастанд ва дар бемористонҳо қарор доранд ва мақомот то ҳол чораҳои пешгирикунанда меандешанд.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои Тедрос Адҳаном Гебрейесус, директори генералии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) пандемияи COVID-19 дар арафаи анҷомёбист.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъ дар ҷаҳон аз ҳарвақта бештар барои рафъи сирояти коронавирус мувофиқ аст.