ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар назар аст, ки соли равон дар майдони қариб 173 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда шавад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, тибқи дурнамо, деҳқонони мамлакат бояд дар майдони 172,8 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ ва зироати барвақтӣ гузаронанд.
Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат таъкид намудаст, ки ба ҳолати охири октябр дар кишвар қариб 40%-и дурнамои кишти тирамоҳӣ иҷро шудааст.
Тавзеҳ дода шуд, ки аз нақшаи умумии кишти тирамоҳӣ зиёда аз 157 ҳазор гектарро зироати ғалладонагӣ ва беш аз 15,7 ҳазор гектарро сабзавоти барвақтӣ ташкил медиҳанд.
Вазорати кишоварзӣ кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатро вусъат бахшида, илова намудааст, ки ин иқдом таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ дорад.
Ин дар ҳолест, ки тайи солҳои охир раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ раҳмон борҳо аз буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон ҳушдор дода, таъкид мекунад, ки шаҳрвандон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Президент ҳамчунин барои киштҳои такрорию тирамоҳӣ мунтазам даъват мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавориро яке аз чор ҳадафи стратегии худ қарор дода, барои амалишавии он талош дорад. Феълан Тоҷикистон қисме аз талаботашро ба маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орду гандум аз ҳисоби воридот таъмин мекунад.