Ҳалокати 3 ҷавон дар роҳи Душанбе - Кӯлоб бар асари садама дар рӯзҳои истироҳат

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сабти 2 садамаи маргбор тайи рӯзҳои истироҳат хабар дод, ки дар роҳи Душанбе - Кӯлоб рух додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Худрави "Тойота" дар роҳи Душанбе - Кӯлоб ба "Камаз"-и корношоям бархӯрдааст, ки дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилои ВУД, ронандаи 26-солаи "Тойота-Карола" ҳангоми ҳаракат аз Душанбе сӯи Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, ба қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Камаз” бархӯрдаст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки "Камаз" ба далели кафидани чархи қафояш дар роҳ қарор доштааст.
"Дар натиҷаи бархӯрд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тойота-Карола" ва мусофираш, ки 26 сол дошта, сокини ноҳияи Фархор будаст, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар иттилоия.
Садамаи маргбор бо иштироки наврас дар Душанбе: Боло бурдани синни ронандагӣ роҳи ҳал аст?
ВУД ҳамчунин илова намуд, ки ронандаи 31-солаи "Мерседес-Бенс" ҳангоми ҳаракат дар роҳи Кӯлоб - Душанбе қоидаҳои ҳаракатро вайрон карда, боиси рух додани садамаи маргбор шудаст.
Тавзеҳ дода шуд, ки ронанда дар ҳудуди деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба самти муқобили роҳ баромада ба қисми пеши автомашинаи “Опел-Астра”, таҳти идораи сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.
Дар пайи ин бархӯрд мусофири "Опел-Астра", сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон додаст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки феълан таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур идома дорад.