Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Намоиши кори чархболҳои "Аллигатор" дар Украина - видео

Халабонҳои чархболҳои маъруфи "Ка-52" дар минтақаи амалиёти низомӣ дар Украина минтақаи такягоҳ ва техникаи зиреҳпӯши ҳарифро нобуд сохтанд
Sputnik
Вазорати мудофиаи Русия видеои амалиёти чархболҳои иктишофӣ ва ҳамлагари "Ка-52" маъруф ба "Аллигатор"-ро дар минтақаи амалиёти низомиро нашр кард.
Зимни иҷрои амалиёти ҷангӣ, чархболҳо бо партоби мушак нуқтаи фармондеҳии ҳариф ва техникаи зиреҳпӯшро нобуд сохтанд, иттилоъ дод Вазорати дифоъ.
Вазорати дифоъ мегӯяд, чархболҳои "Ка-52" барои иҷрои вазифаҳои ҷангии гузошташуда, ҷуфт-ҷуфт фиристода мешаванд, то ҳамдигарро дар осмон пуштибонӣ намоянд. Зикр шудааст, ки чархболҳо аз масофаи чандин километр ба техникаю нерӯи рақиб зарба мезананд.
Низомии Украина: Киев теъдоди талафотро пинҳон медорад - видео
Илова бар ин чархболҳо қатори мошинҳои низомиро ҳамроҳӣ карда, ба мошинҳои зиреҳпӯш, инфрасохтори зарбӣ, нерӯ ва амволи низомии рақиб зарба мезананд. Пуштибонии нерӯҳои заминӣ аз вазифаҳои дигари ин чархболҳо дар амалиёти низомӣ арзёбӣ гардидааст.
Зикр мешавад, ки парвозҳо дар баландии камтар аз замин анҷом дода мешаванд ва ҳар бори мушоҳидаи партоби мушкии рақиб чархболҳо амалиёти ҷавобӣ анҷом медиҳанд, то эмин бимонанд.
Халабонҳо мегӯянд, ба далели ҳаҷми хурд ва қобилияти хуби ҳаракати ҳартарафа мушоҳида кардани "Ка-52" аз замин нисбатан мушкилтар мебошад. Таъкид гардид, ки ҳар бор масири парвозҳо иваз карда мешаванд, то рақиб камин нагирад.