Ба нокдаун афтиду бо нокаут пирӯз гардид: Муштзани тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд

Муштзани зодаи Тоҷикистон дар як қувваозмоии тақдирсоз бар рақибаш бо нокаути техникӣ пирӯз гардида, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи IBF шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Муштзани тоҷик, Шавкат Раҳимов нахустин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон мебошад, ки ин унвонро дар вазни нимсабуки дуюм дар риштаи IBF соҳиб гардид.
Варзишкори 28-солаи тоҷик дар Абу-Дабӣ, рақиби бритониёияш Зелфа Берретро дар даври 9-ум ба нокаут фиристод. Маврид ба зикр аст, ки Баррет низ дар даври сеюми ин сабқат Раҳимовро бо нокдаун фиристод, аммо муштзани тоҷик ба по хесту дар ниҳоят пирӯз гардид.
Қаблан интизор мерафт, ки Раҳимов барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи IBF бо бритониёӣ Ҷо Кордина мубориза мебарад, аммо ӯ чанд ҳафта қабл аз зӯрозмоӣ дасташро шикаст ва ба иваз Зелфа Баррет ба майдон баромад.
Кӣ аз муштзанҳои тоҷик барои қаҳрамонии Осиё зӯр меозмояд?
Ёдовар мешавем, ки Шавкат Раҳимов аллакай барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар бахши IBF муштзанӣ карда буд. Баъдан рақибаш Ҷозеф Диас вазни заруриро нишон дода натавонист ва камарбандро аз даст дода буд. Пас аз 12 даври муборизаи ин ду варзишгар мусовӣ сабт шуд ва камарбанд озод монд.
Раҳимов дар 18 зӯрозмоии касбияш 17 бор пирӯз баромада, дар як ҳолат сабқатро мусовӣ анҷом додаст.
Шавкат Раҳимов 14 августи соли 1994 дар шаҳри Бохтар таваллуд шудааст. Вай муштзани ҳирфаӣ буда, дар вазнҳои сабуку ниммиёна рақобат мекунад.
Ӯ дар нимаи аввали солҳои 2010-ум тими бокси Тоҷикистонро намояндагӣ карда, қаҳрамони секаратаи ҷумҳурӣ, ғолиб ва ҷоизадори бисёр мусобиқоти байналмилалӣ миёни ҳаваскорон буд.
Дар байни муштзанҳои касбӣ собиқ довталаби ҳатмӣ барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар бахши IBF (2019-2021) ва қаҳрамони собиқи ҷаҳон дар вазни нимсабуки дуюм аз рӯи IBO (2017-2019) мебошад.