Эмомалӣ Раҳмон озими Миср шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистонро вазирони энергетикаю захираҳои об, молия, раисони кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамроҳӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар садри як ҳайати расмӣ барои анҷоми сафари корӣ ба шаҳри Шарм-аш-Шайхи Миср сафар кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок мекунад.
Президентро дар ин сафар ёрдамчиёнаш дар масоили робитаҳои хориҷӣ ва иқтисодӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои об, молия, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Раҳмон дар ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи гуногун пайваста ба тағйирёбии иқлиму масъалаи об таъкид мекунад.
Вазорати кишоварзӣ гуфт, чаро заминҳои Тоҷикистон камҳосил шудааст
Аз ҷумла ахиран изҳор дошт, бинобар тағйирёбии иқлим ҳамагон шоҳиди зуҳуроти бесобиқаи офатҳои табиӣ шудаанд.
Вай аз гармӣ дар Аврупо, сӯхтори бешазорҳо, хушкшавии дарёҳо ва норасоии об зикр намуда, афзуд, қисмати ҷануби сайёра зери таъсири селу обхезиҳои харобиовар қарор гирифт.
Мутаассифона, ин равандҳо чандин сол аст, ки идома доранд ва таъсири онҳо сол то сол фарогиру шадид мегардад, таъкид кард раисҷумҳур.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон меҳвари ин равандҳоро об ташкил медиҳад ва зарур хонд, аз иқдомоте кор гирифта шавад, ки амалҳо ва тартиби корбарии онро тағйир диҳад.
Вай афзуд, маҳз тавассути чунин тағйирот метавон ояндаи аз лиҳози захираҳои об амну осуда таъмин карда шавад.