Демократия, ҳуқуқи инсон ва вазъи ҷаҳон: Паёми Раҳмон ба муносиби Рӯзи Конститутсия

Раисҷумҳури Тоҷикистон зарур хонд, ки волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлат таъмин гардаду сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро бо Рӯзи Конститутсия, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, шодбош гуфт.
Ӯ дар паёмаш зикр намуд, ки Конститутсия воқеан ҳам ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ дар муҳокимаи он бо пешниҳоду дархостҳои судманд фаъолона ширкат кард ва онро бо аксарияти мутлақи раъйи худ қабул намуд.
"Воқеан, яке аз меъёрҳои асосии Конститусияи мо таъмин намудани иштироки васеи шаҳрвандони кишвар дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошад", - гуфт Раҳмон.
Вай таъкид намуд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститусия мавқеи асосиро ишғол намуда, ин масъала дар 34 моддаи он ё аз се як ҳиссаи ин санади муҳим дарҷ гардидааст.
"Арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи демократӣ ва асоси фаъолияти сохторҳои давлатӣ ба шумор меравад", - илова намуд ӯ.
Лоиҳаи ҷумҳурии парламентӣ низ таҳия шуда буд: тафсилоти қабули Конститутсияи Тоҷикистон
Президент муҳим хонд, ки ҳисси эҳтирому гиромидошт нисбат ба рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва албатта, Конститутсия дар зеҳну шуури наслҳои наврас ҳанӯз аз хурдсолӣ тарбия карда шавад.
Вай дар идома аз вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ҳушдор дода, зарур хонд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем ва Ватанро ободу давлатро неруманду пешрафта гардонем.